Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Ҷаҳонии футбол 2010 дар Ҷоҳаннесбург оғоз шуд


Дар ҳамин дақиқаҳо дар ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Футбол 2010 нахустин бозӣ дар Ҷоҳаннесбург-пойтахти ин кишвар миёни дастаи мизбони Ҷоми Ҷаҳонӣ Африқои Ҷанубӣ ва дастаи Мексика аз гурӯҳи А оғоз шуд. Қабл аз ин маросими гушоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ дар ҳамин варзишгоҳ ду соат давом кард. Бозиҳои қаҳрамонии футболи ҷаҳон як моҳ давом хоҳад кард. Имрӯз ҳамчунин дар гурӯҳи А дастаҳои Фаронса ва Уругвай дар шаҳри Кейптавн бозӣ мекунанд. Шоми панҷшанбе дар як консерт ба муносибати оғози бозиҳо Якоб Зума-раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ гуфт, баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари вай метавонад ҳар тадбири муҳиму бузурги байналмиллалиро анҷом диҳад:

"Африқои Ҷанубӣ бисёр хушҳол аст, ки мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2010 мебошад".

Дар ин бозиҳо дастаҳои мунтахаби 32 кишвар, аз ҷумла Италия-қаҳрамони кунунӣ ва мизбонони бозиҳо дар 8 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки дастаҳои Испанияву Бразилия ва Аргентина муддаъии унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон мебошанд.
XS
SM
MD
LG