Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи ҳавоӣ 13 шӯришӣ дар Покистон кушта шуд


Мақомоти ҳукумати Покистон мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар имтидоди марз бо Афғонистон дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолии Покистон 6 мушак партоб кардаанд ва дастикам 13 нафар кушта шудаанд. Дар ин манотиқ афроди ал Қоида ва Толибон паноҳ мебаранд. Ҳавопаймоҳои бесарнишин як пойгоҳи машқи Толибонро дар наздикии марз бо Афғонистон ҳадаф қарор додаанд. Дар чунин ҳамлаи ҳавоӣ рӯзи панҷшанбе дар Вазиристони Шимолӣ 3 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG