Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ҷоизаи демократия ба Ҷунбиши Сабзи Эрон


Ҷон Маккейн, номзади собиқи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико, дирӯз, ҷоизаи миллии талош барои демократия дар соли 2010-ро ба Ҷунбиши Сабзи Эрон ато кард. Зимни суханронӣ дар Вашингтон Ҷон Маккейн гуфт, “зуҳури Ҷунбиши Сабз дар соли гузашта бояд моро мутақоид кунад, ки Эрон ояндаи демократӣ хоҳад дошт.” Ӯ афзуд, шояд ин оянда ба зудӣ нарасад, аммо он дастнорас нахоҳад буд. Ҷон Маккейн ҳамчунин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро, интиқод кард, ки ба гуфтаи вай барои ҳимоят аз Ҷунбиши Сабз ба қадри кофӣ саъй намекунад. Ӯ аз Обама хост, "бо тамоми нерӯи ахлоқии Амрико дар талоши мардуми Эрон барои демократия кӯмак кунад."
XS
SM
MD
LG