Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Махнаткин дифоъ мекунанд


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия гуфтанд, ки онҳо барои раҳоии Сергей Махнаткин талош хоҳанд кард. Рӯзи чаҳоршанбе як додгоҳи шаҳри Маскав Сергей Махнаткинро ба дуву ним соли маҳбас маҳкам кард. Махнаткин рӯзи 31 декабри соли гузашта ҳангоми гирдиҳамоии мухолифин дар майдони Триумфалная боздошт шуда буд. Додгоҳ ӯро дар зӯроварию хушунат алайҳи корманди милиса айбдор донист. Махнаткин ширкаташ гирдиҳамоиро рад кард. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, Махнаткин аз сӯи кормандони милиса барои он боздошт шуд, ки аз як хонум дифоъ мекард.
Владимир Волков, вакили дифоъ ва собиқ муфаттиши ҷиноёти сангин, ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот бо муҷозоти Сергей Махнаткин “мехоҳанд ба ҷомеъа намоиш диҳанд, ки ҳукумат омода аст дар кишвар низоми мустабидро ҷорӣ кунад, то касе ва ба ҳеҷ ваҷҳ имкони дифоъ аз номусу шарафи худро надошта бошад”.
XS
SM
MD
LG