Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Созмони Шанхай дар Тошканд


Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд имрӯз оғоз мешавад. Раҳбарони Русияву Чин ва Тоҷикистон барои ширкат дар ин нишаст вориди пойтахти Узбакистон шудаанд. Масоили Афғонистон ва Қирғизистон аз мавзӯъҳои ин нишаст унвон шудааст.

Ин нахустин нишасти сарони ин созмон дар пайи ошӯбҳои моҳи апрели Қирғизистон аст ва ҳама дида ба сӯи Тошканд дӯхтаанд, ки оё раҳбарони давлатҳои аксаран худкомаи узви Созмони Шанхай намояндаи ҳукумати муваққати дар натиҷаи ошӯби мардум рӯи кор омада дар Қирғизистонро дар ин нишаст чигуна истиқбол хоҳанд кард?

Ва як масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ то куҷо амалӣ будуни азми ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин созмон аст. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба рақобати афзояндаи Чину Русия дар майдони Осиёи Марказӣ.

Дастури кори нишасти Тошканд

Ончӣ ки дар нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пойтахти Узбакистон баррасӣ намешавад, назар ба масоили омада дар дастури кори ин ҳамоиш хеле муҳимтар ба назар мерасад.

Баъзе бандҳои дастури кори нишасти Тошканд, ки раҳбарони Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро гирди як мизи гуфтугӯ хоҳад овард, алакай маълум аст.

Баҳси вазъи Афғонистон ба як мавзӯъи доимии нишастҳои Созмони Шанхай табдил ёфта ва ин навбат ба он, бидуни шак, мавзӯъи субот дар Қирғизистон ҳам хоҳад афзуд. Зеро нишасти Тошканд нахустин ҷаласаи сарони ин созмон дар пайи суқути давлати Қурмонбек Боқиев ва рӯи кор омадани ҳукумати муваққати Роза Отунбоева аст.

Отунбоева гуфтааст, худ ба Тошканд нармеравад, балки кафили вазорати хориҷа Руслан Қазоқбоевро мефиристад. Қарори маълум, дар моҳи май Роза Отунбоева бо вуҷуди ба Маскав рафтанаш дар ҷаласоти расмии сарони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки дар ҳошияи таҷлил аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ гузашт, ширкат надошт.

Ва табъан мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, хунсо кардани таҳдиди ҷангиёни исломӣ ва ҳамкории бештару муассиртар дар масоили маорифу ҳуқуқ, илму фарҳанг ва масоили дигаре назири ин низ аз мавзӯъҳои ҳамешагӣ ва забонзадаи дастури кори нишастҳои Созмони Шанхай шудааст, ки нишасти Тошканд низ аз ин ҷумла истисно нест.

Осиёи Марказӣ - ҳанӯз манбаи ашёи хом

Равобити батадриҷ ва ба оҳистагӣ сардшудаи ду узви муҳимтарини ин созмон Русияву Чин, ки ба Осиёи Марказӣ таъсири бузурге хоҳад дошт, баъид аст, ки дар Тошканд мавриди баҳс қарор бигирад.

Ҷеймс Никсӣ, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Чатҳам Ҳаузи Лондон дидгоҳи ба сурати умум воҳиди Маскаву Пекин ба ин минтақаро далели аслии аз баҳси ин мавзӯъ иҷтиноб варзидани раҳбарон медонад.

Ӯ мегӯяд: “Русия ва Чин ҳарду ҳамчунон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ба як манбаъе нигоҳ мекунанд, як манбаъе ки аз он метавон нафту газ кашид”.

Ҳамин тавр, гумон аст, ки танишҳои уфтода байни Тошканду Душанбе, ба хусус дар масоили роҳи оҳан ва эҳдоси нирӯгоҳҳо низ ба минбари нишасти сарони Созмони Шанхай кашида шавад.

Осиёи Миёна - саҳнаи рақобати Чину Русия

Ин созмон соли 1996 ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ ва эъмори ҳусни эътимод миёни Чин ва кишварҳои ҳаммарзаш, Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳадаф аз он дар ибтидо ҳалли баҳсҳои аз Иттиҳоди Шӯравӣ меросбурдаи ин кишварҳои тозаистиқлол бо Чин ва аз марз бо ин кишвар берун кашидани нирӯҳои фаровони низомӣ буд.

Вале баъдан ба муҷарради ҳалли ин масоил таваҷҷӯҳи Созмони Шанхай ҳарчӣ бештар рӯи масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ қарор гирифт. Ҷанги дуввуми Чеченистон, неҳзатҳои чирикии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва маъракаи вусъатгирифтаи ҷудоиталабии уйғурҳои мусалмон дар ғарби бо Осиёи Марказӣ ҳаммарзи Чин ҳамкориҳои амниятиро дар меҳвари кори ин паймон қарор дод ва ба дунболи ба ин созмон пайвастани Узбакистон, Созмони Шанхай ба як паймони амниятии шабеҳи НАТО дар Шарқ табдил ёфт, ки 6 давлати аксаран худкома бо тақрибан чаҳоряки ҷамъияти дунёро муттаҳид мекунад.

Ҷеймс Нексӣ мегӯяд, масъалаи ҳамкорӣ барои ин паймон дигар чунон муҳим нест, ки дар чанд соли пеш буд: “Ба назари ман, омили амниятӣ дар воқеъ вуҷуд дорад, вале дар асл дар ҳошия қарор гирифта, бештар баҳона шудааст. Дар ниҳояти амр Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба як василаи касби нуфуз дар дастони Русия ва Чин табдил ёфт. Агар аҳдоф дар ҳақиқат аҳдофи амниятӣ мебуд, мо бояд шоҳиди тасвиби қарордодҳои марбута мешудем, машқҳои бештари низомиро медидем, шоҳиди табодули иттилооту маълумот ва таҳия шудани доктринаҳои ҷадиди низомӣ аз сӯи бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мешудем, вале ҳеҷ яки ин рух надод”
.
Охирин машқи густардаи низомии кишварҳои узви Созмони Шанхай бо ҷалби ҳазорон нирӯ ҳанӯз соли 2007 барпо шуд. Ин дар ҳолест, ки Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба истиснои Чин, боқӣ 5 кишвари узви Созмони Шанхайро низ зери назари Русия муттаҳид мекунад, тайи ин се соли баъд тамринҳои низомиашро дар Осиёи Марказӣ баръакс бамаротиб густариш дод ва фақат дар ин чанд моҳи охир дар Қазоқистон ва ба дунболаш дар Тоҷикистон машқҳои алоҳидаи низомӣ доир кард.

Чин ҷои Русияро мегирад

Чин ҳам дар саҳнаи Осиёи Марказӣ хеле фаъол аст, вале бештар тавассути сармоягузорӣ ба тарҳҳои бузурги энержӣ. Русия ба далели асароти бӯҳрони молӣ тайи ду соли охир сармоягузориаш ба ин минтақаро коҳиш дод ва Чин бо истифода аз фурсат ҳузури худ дар саҳна, бахусус дар Қазоқистони нафтхез ва Туркманистони саршор аз конҳои газро вусъат дод.

Тақрибан 40 дарсади қарзҳои хориҷии Тоҷикистон низ марбут ба Пекин аст, ки дар ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ бештар ба риштаи роҳсозӣ сармоягузорӣ мекунад.

Ҷеймс Никсӣ, таҳлилгари умури минтақа дар Чатҳам Ҳауз, як маркази таҳлилии мақараш дар Лондон мегӯяд, Маскав илоҷе ба ҷуз аз пазируфтани воқеъиятҳои нави бавуҷудомада дар Осиёи Марказӣ надорад ва нигарониаш дар ин майдон бештар маҳз аз Чин аст, то аз Ғарб.

Дар ҳар сурат, Русия то ҳол Осиёи Марказиро гӯшае аз ҳаётаи худ мепиндорад ва Чин ҳам орзуи ба гӯшае аз ҳаётаи худ табдил додани ин қаламравро дар сар дорад.

Бо ин ҳол, ҳарду дар ин майдон ором, вале ҳамвора, ба сӯи пеш, вале ҳар кадом бо шеваи худ роҳ мепаймоянд.

XS
SM
MD
LG