Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон: Ба Афғонистон нерӯи иловагӣ намефиристем


Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, изҳор намуд, ки мавзӯъи Афғонистон муҳимтарин дар сиёсати хориҷии кишвараш хоҳад буд. Ӯ имрӯз бори нахуст вориди Кобул шуд ва бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай музокирот анҷом дод. Ва аммо Дэвид Камерон дар нишасти хабарӣ дар Кобул изҳор намуд, ки "масъалаи фиристодани нерӯҳои бештар дар нақшаҳои ҳукумати Бритониё нест".
Айни ҳол дар Афғонистон 9500 афсару сарбози бритониёвӣ мустақаранд. Баъд аз шурӯъи ҷанг алайҳи террор дар Афғонистон тақрибан 300 низомӣ аз Бритониё дар ин кишвар кушта шудаанд.
Дэвид Камерон изҳор намуд, ки ҳукумати Бритониё барои артишу полис ва маъмурияти мулкии Афғонистон ва хотири аз байн бурдани минаҳои канори роҳ 98 миллион доллар маблағи иловагӣ ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG