Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиш дар назди сафоратхонаи Узбакистон дар Душанбе


Даҳҳо хабарнигори тоҷик ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ субҳи имрӯз дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ба нишони эътироз аз манъи бардавоми қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҷамъ омаданд. Тақрибан давоми як соат рӯзноманигорон бо талаби қатъи блокадаи иқтисодии Тоҷикистон шиор заданд. Эътирозгарон гуфтаанд, мушкили боздошти қатораҳои Тоҷикистон ба тамоми риштаҳои ҳаёти ин кишвар зарба зада, боиси чунин вокуниши шаҳрвандӣ гаштааст. Бо талаби раҳо кардани қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар ду ҳафтаи гузашта ҷавонони тоҷик дар назди сафоратҳои Узбакистон дар Бишкек ва Вашингтон эътироз баён кардаанд.
XS
SM
MD
LG