Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар назди сафорати Узбакистон


Даҳҳо хабарнигори тоҷик субҳи имрӯз дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ба нишони эътироз аз манъи бардавоми қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҷамъ омаданд.

Тақрибан давоми як соат рӯзноманигорон бо шиору хитобаҳои «Ба блокадаи иқтисодии Тоҷикистон хотима дода шавад», «Қатораҳои Тоҷикистонро раҳо кунед», «Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад» эътироз карданд. Талаби эътирозгарон дар мавриди вохӯрӣ бо сафир натиҷа надод.

"Пас аз ҷаласаи СҲШ биёед"

Аммо як нафар дар назди сафорати Узбакистон, ки худро муаррифӣ накард, ба назди эътирозгарон омада хоҳиш кард, то пас аз ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзҳои наздик дар Тошканд баргузор мешавад, ҷамъ биёянд ва он гоҳ сафири Узбакистон омодааст, бо онҳо сӯҳбат кунад.

Бад-ин тартиб ин масъул бо ҳамроҳи чанд тани дигар эътирозгаронро аз назди сафорат дур карданд.

«Ин мавқеи шаҳравандии мост»

Абдуазими Абдуваҳоб, як рӯзноманигори эътирозгар гуфт, ӯ на ҳамчун як журналист, балки ҳамчун як ҷавони тоҷик ин ҷо бо нишони эътироз омадааст. Вай афзуд, «ин садои эътирози насли бедори ман аст, ки дигар таҳаммули бедодгарӣ надорад».

Абдулазизи Восеъ, як ҷавони дигар, афзуд, «аллакай мушкили боздошти қатораҳои Тоҷикистон мушкили ду раҳбар ё ду ҳукумат не, балки ин ба мушкили як миллат табдил ёфтааст».

Муҳаммадиқболи Имомиддин, як эътирозгари дигар гуфт, «чунин эътирозу садобаландкуниҳои ҷавонон андешаеро, ки ҷавонон ояндаи миллат буда наметавонанд, ботил месозад».

Ин эътирози охирин нест

Дар ҳоле, ки масъулони сафорат бо дарбонҳо рӯзноманигоронро аз назди сафорат дур мекарданд, онҳо дар якҷоягӣ изҳор доштанд, ки ин эътирози охирин онҳо нест.

Бояд гуфт, барои аввалин бор аст, ки ҷавонони тоҷик ва он ҳам рӯзноманигорон дар дохили Тоҷикистон даст ба эътироз мезананд.
Қаблан ҷавонони тоҷик дар кишварҳои хориҷа дар робита ба мушкилоти Тоҷикистон назди сафоратҳои Русия ва Узбакистон эътироз карда буданд.

Эътирози журналистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
XS
SM
MD
LG