Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаҳои мавриди баҳс дар конфронси Душанбе


Дар конфронси байналмиллалии об дар шаҳри Душанбе намояндагони 70 кишвар ва ҳамчунин созмонҳои байналмиллаливу минтақаӣ ширкат доранд. Ин конфронсро ҳукумати Тоҷикистон ва СММ созмон додаанд ва дар он иҷрои қатъномаи СММ роҷеъ ба даҳсолаи "Об барои ҳаёт" баррасӣ мешавад. Тибқи ин қатънома, ки ба ибтикори ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои Амнияти СММ ба тасвиб расид, солҳои 2005-2015 даҳсолаи "Об барои ҳаёт" эълон шудааст. Дар давоми ду рӯз дар чаҳорчӯбаи кори конфронс бо ширкати коршиносону донишмандон ва намояндагони кишварҳои мухталиф 6 мизи гирд доир мегардад. Дар мунозираҳои мизи гирд ҳамкориҳо дар бахши обҳои фаромарзӣ ва муқаррароти байналмиллалӣ роҷеъ ба он, тағири иқлим ва коҳиши хатарҳои офати табиӣ, сармоягузорӣ, идораи муштараки умури обӣ ва амсоли он баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG