Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти байналмилалии об дар Душанбе шурӯъ мешавад


Дар шаҳри Душанбе имрӯз конфронси байналмилалӣ дар мавриди баҳрабадорӣ аз захираҳои обӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони даҳҳо кишвар ширкат меварзанд. Қарор аст, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст суханронӣ кунад. Конфронси мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки баҳсҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус Тоҷикистону Ӯзбакистон дар мавриди тақсими захираҳои оби Осиёи Марказӣ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG