Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони пулдори Русия аз хидмати аскарӣ озод мешаванд?


Ҳизби Либерал-Демократи Русия ба раҳбарии милларгарои рус Владимир Жириновский ба Думаи Давлатӣ пешнависи қонунеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он ҷавонони Русия метавонанд бо пардохти маблағи баробар бо 32 000 доллар аз хидмати аскарӣ дар канор бимонанд. Аъзои ин ҳизб гуфтаанд, ки чунин қонун метавонад заминаи ришваву фасод дар коммиссариатҳои ҳарбиро аз байн барад. Тибқи ин пешнавис, пулҳои ба дастомада аз ин роҳ дар ихтиёри вазорати дифои Русия гузошта мешавад ва барои ниёзмандиҳои низомӣ ба масраф мерасад.
XS
SM
MD
LG