Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба изҳороти Жириновский эътироз кард


Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар ба Юрий Попов-сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита бо изҳороти Владимир Жириновский-муовини раиси Думаи Давлатӣ ва Геннадий Онишенко-раиси "Роспотребнадзор" ёддошти эътирозӣ супурдааст. Жириновский-раиси Ҳизби Либерал Демократи Русия гуфта буд, ки Тоҷикистону Қирғизистонро бояд ба Ҳавзаи 9-ӯми Ҷанубии Русия ҳамроҳ кард, зеро ин ду ҷумҳурӣ ба унвони кишвари мустақил давлати номуваффақанд. Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамчунин аз ҷониби Русия хостааст, манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистонро аз миён бардорад, зеро он ба шимоли Тоҷикистон зарари ҳангуфти молӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG