Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз сарнавишти як фаъоли ҳуқуқ дар Эрон


Иттиҳодияи байналмилалии кормандони арсаи нақлиёт мегӯяд, аз амнияти Мансур Осанлу, як фаъоли коргарии Эрон ҷиддан нигарон аст. Дейвид Кокрофт, дабири кулли иттиҳодия, ба Радиои Фардо гуфт, аз он нигарон аст, ки Осанлуро ба ҳуҷраи мӯътодони маводи мухаддир ва дигар афроде андохтаанд, ки метавонанд, зиндагии ӯро ба хатар андозанд. Дейвид Кокрофт аз Мамҳуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон хост, Мансур Осанлуро раҳо кунад ва ё бигузорад, то аъзои хонаводааш ӯро дар зиндон бубинанд ва аз вазъи сиҳатиаш огаҳ шаванд. Мансур Осанлу, раҳбари иттиҳодияи коргарони арсаи нақлиёти Теҳрон бо гуноҳи иқдом алайҳи “амнияти миллӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG