Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хароҷоти низомиро афзоиш медиҳад


Мақомоти Покистон изҳор намуданд, ки мехоҳанд хароҷоти давлатӣ барои мудофиаро афзоиш диҳанд. Соли ояндаи молиявӣ, ки дар Покистон аз 1 июл шурӯъ мешавад, хароҷоти низомӣ назар ба соли гузашта 17 дар сад афзоиш хоҳад ёфт. Абдулло Ҳофиз Шайх, вазири молияи Покистон. гуфт, ки боло бурдани сармоягузорӣ ба ниёзмандиҳои низомӣ имкон медиҳад, ки ҳукумат амнияти кишварро беҳтар таъмин намояд.
Тайи се соли ахир бар асари ҳамлаҳову амалҳои террористӣ дар Покистон тақрибан севу ним ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG