Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил киштии кӯмакрасони Ғаззаро гирифт


Артиши Исроил мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар, ба киштии кӯмакрасони озими Навори Ғаззаро ворид шуда ва онро барои лангар андохтан ба бандари исроилии Ашдод мебаранд. Авитал Лебович, як мақоми низомии Исроил гуфт, нерӯҳои махсуси Исроил ба киштии 1200 тонаии кӯмакҳои башарӣ аз қаиқҳо боло шуда ва дар муддати кӯтоҳе онро гирифтанд: "Артиши Исроил хоҳони ҳеҷ гуна рӯёрӯӣ нест. Ин воқеъан ба афроду мусофирони киштӣ вобаст аст, ки онҳо воқеъан як созмони хайрия ҳастанд, ки ба Ғазза мол меоранд ва ё тавтиа?" Вай ҳамчунин гуфт, нохудои киштӣ тамоми фаъолони тарафдори фаластиниён ва маллоҳонро дар як ҷо ҷамъ овард, то аз хушунат ҷилавгирӣ шавад. Киштии Рейчел Коррӣ, садҳо тонна кӯмакҳои хайрияро ба Навори Ғазза мебуд ва умед дошт, ки муҳосираи иқтисодии Ғаззаро рахна мекунад. Рӯзи душанбе як чунин амалиёти нерӯҳои Исроил дар киштии кӯмакҳои башарӣ барои Ғазза ба хушунат печид ва сабаби кушта шудани 9 фаъоли тарафдори фаластиниён шуд.
XS
SM
MD
LG