Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни кори Ҷиргаи сулҳи Афғонистон


Ҷиргаи сулҳи Афғонистон эълом дошт, ки ба ҷуз сулҳу оштӣ бо мухолифин, аз ҷумла, бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” роҳи дигари таъмини субот дар кишвар мавҷуд нест. Ин маҷлиси афғонҳо бо тайиди пешниҳодоти Ҳомиди Карзай анҷом ёфт.

Вакилони Ҷиргаи сулҳ ё Ҷиргаи миллии машваратӣ, ки аз ақвому манотиқ ва нерӯҳои гуногуни Афғонистон намояндагӣ мекунанд, рӯзи ҷумъа пешниҳодҳои сулҳи раисиҷумҳур Ҳомид Карзайро, иборат аз 156 саҳифа баррасӣ ва назари худро ба ҳукумат ироа карданд.

Оштӣ бо “Толибон”? Аз кадом роҳ?

Ҳомид Карзай ин Ҷиргаро ба хотири пуштибонӣ аз барномаи таҳиякардааш оиди дастёбӣ ба сулҳу субот дар кишвар даъват кард. Ин барнома – пешниҳоди афв, таъмин бо маблағ ва пайдо кардани шуғл барои сарбозони ҷунбиши “Толибон” ва паноҳгоҳ барои раҳбарони аршади ҷунбиш дар кишварҳои дигарро дарбар мегирад.

Хабарнигори Радиои Афғонистон Озод аз Кобул хабар дод, ки рӯзи ҷумъа вакилон дубора зери хаймаи бузург ҷамъ омаданд ва раисони кумитаҳо пешниҳодҳои худро дар робита ба барномаи сулҳи Карзай ироа намуданд.

Насруллоҳ Станизай, сиёсатшинос аз Донишгоҳи шаҳри Кобул мегӯяд, “бо вуҷуди ихтилофи назар миёни баъзе кумитаҳои Ҷирга, ки як амри табиист, баррасиҳо хуб идома доштанд. Тақрибан 1600 вакил аз вилоятҳо ва гурӯҳҳои гуногун намояндагӣ мекунанд. Онҳо аз нерӯҳоеанд, ки қаблан алайҳи ҳамдигар меҷангиданд ва он далел, ки онҳо тавонистанд дар як нишаст ҷамъ биёянд, ин худ комёбии бузург аст”.

Мавлавӣ Абдулмаҷид, узви парлумон аз вилояти Бадахшон, мегӯяд, ки ҳама вакилони ҷирга хоҳони сулҳанд, аммо дар бораи чӣ гуна шурӯъ шудани раванди сулҳ назари воҳид надоранд. Ба гуфтаи ӯ, бархе хостори кафолати ҳимояи мусаллаҳони мухолиф аз тариқи Қонуни асосии кишвар шудаанд.

Аммо иддае барои он пойфишорӣ доранд, ки дар гуфтушуниди сулҳ бо “Толибон” ягон пешшарт ба миён гузошта нашавад. Аз нигоҳи коршиносон, ҳукумати Ҳомид Карзай мехоҳад дар музокирот бо “Толибон” он озодиҳои шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқи занонро ҳифз кунад, ки баъд аз суқути ин ҷунбиш дар соли 2001 ба даст овардааст.

Толибон барои посух шитоб надоранд

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки толибон барои посух ба пешниҳоди сулҳи ҳукумат шитоб надоранд. Рӯзи чаҳоршанбе, замоне, ки Карзай дар Ҷирга суханронӣ мекард, онҳо сӯи қароргоҳи нишаст мушак андохтанд ва як гурӯҳи маргталаб талош намуд то вориди хаймаи Ҷирга шуда онҷо амали террористӣ анҷом диҳад.

Дар як изҳорот дар сомонаи интернетии “Толибон” гуфта шудааст, ки “Ҷирга зери сояи нерӯҳои хориҷӣ баргузор гардид” ва ҳама талошҳои ин нерӯҳо дар Афғонистон фақат ба хотири дифоъ аз манофеъи хориҷиҳо равона шудааст. Раҳбарони “Толибон” аз ин пеш изҳор карда буданд, ки онҳо музокироти сулҳро фақат баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмиллалӣ аз Афғонистон шурӯъ хоҳанд кард.

Аз нигоҳи коршиносон, солҳои ахир ошӯб дар Афғонистон густариш ёфтааст ва ин як омили муҳимест, ки бар пояи он толибон даъватҳои ҳукумат барои сулҳу оштиро нодида мегиранд.

Амрико барои оштӣ бо Мулло Умар розӣ нест?

Вошингтон аз тарҳи Ҳомид Карзай барои ба зиндагии осоишта баргардонидани сарбозони “Толибон” пуштибонӣ мекунад. Ва аммо Кохи Сафед ба имкони оштӣ бо фармондеҳони аршади ин ҷунбиш аз эҳтиёт кор мегирад - бархе аз раҳбарони Толибон, аз ҷумла, Мулло Муҳаммад Умар, ба феҳристи террористҳое шомиланд, ки мавриди пайгарди ҳамешагӣ қарор доранд.

Мақомоти ИМА изҳор карданд, ки дар сурати фароҳам шудани шароити мусоид, шурӯъ аз моҳи июли соли 2011 хуруҷи нерӯҳоро аз Афғонистон шурӯъ мекунад. Ва аммо дар ҳамин ҳол мӯҳлати ниҳоии ҳузури низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар муқаррар нашудааст.
XS
SM
MD
LG