Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сорбони корвони ҳунар


Ӯро дар Интернет Лучанно Паваротии тоҷик хондаанд ва ӯ яке аз овозхонҳои камшуморе дар Тоҷикистон аст, ки кӯшидааст, дар замони Шӯравӣ аз тараннуми ҳукумати давр парҳез кунад. Ӯ Зафар Нозим аст, ки портали ҷустҷӯии Майл.ру низ аз миёни Зафарҳо, асосан Зафар Нозим аз Тоҷикистонро хубтар мешиносад ва исми ӯро ҳангоми пешниҳод аз ҳама боло мегузорад.

Дар худи Тоҷикистон низ шояд бисёриҳо надонанд, ки шеъри “Эй сорбон, оҳиста рон” аз Саъдист, аммо пиру ҷавон ҳама медонанд, ки ин таронаро Зафар Нозим сурудааст. Ин таронаест, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳамчунон маҳбуб мондааст ва ҳангоми пахши он аз тариқи телевизион ва ё радио ҳама аксарият ба қавле гӯшу ҳуш мешаванд.

Зафар Нозим, ки 70-сола шуд, аз ҳунармандонест, ки дар муқоиса ба овозхонҳои дигари маҳбуб дар маҳалҳои хоси Тоҷикистон, дар саросари кишвар ҳаводору шунаванда дорад. Саидқули Билол, овозхону оҳангсози тоҷик, мегӯяд, оҳангаш сифр тоҷикист, умумитоҷикист, намегӯӣ, ки ин оҳанги Кӯлоб, Дарвоз, Бадахшон ё Суғд бошад.

Зафари камбағалпарвар

Зумрад, яке аз мухлисони оддии Зафар Нозим, нақл мекунад, ки чӣ гуна садои қавии ӯ мардумро мисли оҳанрабо ба худ мекашид.

“Зафар дар тӯйҳо мехонд. Падару бобову бибиҳомон Зафар дар фалонҷо мехонад мегуфтанд, ҳама давида мерафтем. Садои хуб дошт. Бе микрофон, бе ҳеҷ чиз мехонд, аз рустоҳои дигар давида меомаданд. Ҳозирам кассетаҳои кӯҳнаша дар дастам дорам, баъд дар тӯйҳои камбизоатҳо мехонд, то онҳо хурсанд шаванд. Ҳам хоксор ва ҳам камбағалпарвар аст, барои ҳамин мо ӯро ҳурмат мекунем.“

Аммо ин овозхони маҳбуби ҳама дар Тоҷикистон мактаби махсуси мусиқиро хатм накардааст, адвор ва ё нотаҳоро намедонад. Барои ӯ лашкари оҳангсозону ромишгарон махсус оҳанг эҷод накардаанд ва агар ҳам кардаанд, ба гуфтаи Саидқул Билолов, бисёр кам будааст.

Зафар Нозим худ оҳанг эҷод кардааст ва сурудҳояш низ аслан аз адибони классик будааст. Чизи дигаре, ки ба гуфтаи оҳангсозону ҳунармандони тоҷик Зафар Нозимро маҳбуби ҳама дар Тоҷикистон кардааст, баҳра гирифтани ӯ аз мактаби мусиқии Акашариф Ҷӯраев, овозхони фақид ва маҳбуби дигар аст. Нур Табаров, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, Акашариф Ҷӯраев Зафар Нозимро гирифта, ба шаҳр овард ва кӯмак кард.



Сорбони корвони ҳунар

Зафар Нозим 2-юми июни соли 1940 дар хонаводаи як сокини оддии водии Рашти Тоҷикистон ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд. Таронаҳои “Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», “Модар” ба қавле дар ин 50 сол ҳамеша дар миёни насли миёнасолу бузургсол хит буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст.

Зафар Нозим ба унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии “Ганҷина” ҳам будааст. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири феълии фарҳанги Тоҷикистон, Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи мӯҳташами санъати миллии мардуми тоҷик медонд.

Шояд ҳамин обрӯву эътибори Зафар Нозим буд, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон, барои тарғиби саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун”, ӯро ҷалб кард. Зафар Нозим бо эҳсоси амиқе аз мардум даъват мекард, меҳанпарастӣ ва мардонагӣ нишон бидиҳанд.

Таърихе, ки оташ зада шуд

Зафар Нозим ҳамеша зиндагии орому осудае надоштааст ва талхиву сахтиҳои сарнавиштро ҳам чашидааст. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, манзили ин овозхони маъруфро оташ заданд ва ба гуфтаи худаш, таъриху ояндаашро аз байн бурданд.

“Фақат барои ҳамон афсӯс мехӯрам. Ман ҳоло Худоро шукр, зиндагии орому осуда дорам, аммо дигар он чизҳо он дискҳоро бозгардонда намешавад. Он таърихи ман буд, ин ҳаёти ман буд, он ояндаи ман буд. Аммо ҳама аз байн рафт, ҳатто як санад ҳам боқӣ намонд.”

Зафар Нозим мегӯяд, панҷ диски сабти консерту сурудҳояш, ки барои ҳифз то замони оромӣ дар Тоҷикистон аз хазинаи тиллоии радио гирифта буд, дар ин ҳодиса аз даст дод. Ва дар ҳамон замони хатарнок, ӯ бо ҷасорати хосе дар телевизиони Тоҷикистон зоҳир шуд ва эътироз кард, ки набояд чунин рафтори ношоистае ба ҳунарманд, ки ба сиёсат коре надорад, сурат мегирифт.

Зарбаи бераҳмонаи дигари тақдир ба Зафар Нозим, даргузашти писари ҷавонаш Соҳибқирон Нозимов буд, ки дар синни 34-солагӣ фавт кард. Зафар Нозим низ дар консерти бошукӯҳ ба муносибати 70-солагиаш дигар он марди тануманду қавӣ ба назар намеомад ва дастонаш меларзид, аммо бо вуҷуди ин ҳама садояш мисли пеш қавӣ буд ва толори ҳам лабрез аз бинандагони пиру ҷавон.

Корвони ҳунари Зафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
XS
SM
MD
LG