Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти кишварҳои бадтарини дунё нашр шуд


Freedom House, як созмони байналмилалии нозири масоили ҳуқуқи башар ва демократия, гузориши наверо таҳти унвони “Бадтарини бадтаринҳо: Саркӯбгартарин ҷомиаҳои дунё” нашр кард. Тоҷикистон имсол низ дар раддабандии Freedom House дар миёни кишварҳои ноозод ҷой гирифтааст. Аммо Туркманистону Узбакистон дар баробари низомҳои мустабиде, чун Бирма, Кореяи шимолӣ ва Сомалӣ дар радифи 10 давлати бадтарини ҷаҳон омадаанд.
Ин созмон мегӯяд, ин феҳрасти бадтаринҳо кишварҳоеро дар бар мегирад, ки атбояш тақрибан ягон имкони баҳрабардорӣ аз ҳуқуқи аслии инсонро надоранд.
Беларусу Чин ва Кубаву Арабистони Саудӣ дар байни 8 кишвари дигареанд, ки вазъашон нисбат ба бадтаринҳо, ба бовари Freedom House, фақат андаке беҳтар будааст.
XS
SM
MD
LG