Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев унвони "Пешвои миллат"-ро напазируфт


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як баёния гуфтааст, қонуни зиддунақизеро, ки ба ӯ унвони ифтихории “Пешвои миллат”-ро эъто мекунад, имзо нахоҳад кард. Парлумони Қазоқистон дар моҳи май қонунеро қабул кард, ки ҳатто баъд аз истеъфои Назарбоев аз мақоми президентӣ ҳам бахши аъзами қудратро дар дастони ӯ ҳифз мекунад. Ин қонун ба Назарбоев ва аҳли хонаводаи ӯ аз ҳар навъ таъқиботи қонунӣ низ ҳаққи масуният медод. Аммо Назарбоев гуфтааст, ба шаҳрвандон ва вакилони парлумони Қазоқистон барои ин ҷидду ҷаҳд ва изҳори пуштибонӣ сипосгузорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG