Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Гейтс ба Чин мавқуф гузошта шуд


Мақомоти Чин сабаби мавқуф гузошта шудани сафари вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс ба Пекинро ташреҳ накарданд. Рӯзи чаҳоршанбе сафари раҳбари Пентагон ба чанд кишвари осиёиву аврупоӣ шурӯъ шуд ва аммо Чин замони ин сафарро “номуносиб” арзёбӣ кард.
Намояндаи вазорати умури хориҷии Чин имрӯз изҳор намуд, ки Пекин робитаҳои низомиро муҳим мехонад ва аммо айни ҳол ягон омодагии махсус барои ин сафар гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Чин аз ташреҳи лағви сафари Гейтс ба Пекин худдорӣ намуд.
Қарор аст, ки вазири дифоъи ИМА охири ҳафта дар конфаронси амниятӣ дар Сингапур бо ҳамтоҳои худ аз чанд кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG