Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар ҳамлае дар додгоҳи Брюссел


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар додгоҳи шаҳри Брюссел ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи Стефан де Клерк, вазири адлияи Белгия, як фарди мусаллаҳи ношинос ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ вориди Кохи адлия шуд ва тирпарронӣ кард. Дар ин ҳодиса додрас ва як ходими додгоҳ кушта шудаанд. Қотил аз ҷойи ҳодиса фирор кард ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG