Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрдуғон ба Исроил


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, ҳушдор дод, ки агар Исроил мавқеъи худро бознигарӣ накунад, "яке аз дӯстони аслии худро гум хоҳад кард". Зимни суханронӣ дар Анқара, Эрдуғон гуфт, ки Туркия ба ҳалокати нӯҳ фаъоли ҳуқуқи башар бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил ба корвони ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза чашм пӯшиданӣ нест.
Дар ҳамин ҳол имрӯз садҳо ҳомиёни ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин, ки бар асари ин ҳамла аз сӯи низомиёни Исроил боздошт шуда буданд, вориди Туркия шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳоро дар фурудгоҳи Истамбул бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Дар маросими истиқбол муовини сарвазири Туркия Булент Аринч ва дигар мақомоти расмӣ ширкат доштанд.
Аз ин пеш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун аз Исроил даъват кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъҳои хушунатбор ба таври фаврӣ аз муҳосираи Ғазза даст бардорад. Рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ дар бораи он ки як киштӣ аз Ирландия бо кумаки башарӣ сӯи навори Ғазза роҳ гирифтааст, тасдиқ шуд.
Рӯзи 31 май бар асари ҳамлаи нерӯҳои баҳрии Исроил ба корвони ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза 9 нафар, аз ҷумла, 8 шаҳрванди Туркия ба ҳалокат расиданд. Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фавқулоддаи худ хостори тафтиши фаврӣ, воқеъбинона ва бар пояи меъёрҳои байналмиллалии ин ҳодиса шуд.
XS
SM
MD
LG