Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Ҷиргаи сулҳ дар Кобул идома дорад


Дар шаҳри Кобул нишасти Ҷиргаи сулҳи Афғонистон ба кори худ идома дод. Ҳудуди 1600 вакил аз манотиқи гуногуни кишвар ҳамроҳ бо вакилони парлумону аъзои ҳукумат ба 28 гурӯҳи корӣ тақсим шуда, роҳҳои сулҳу субот дар кишвар ва оштӣ бо мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла, ҷунбиши “Толибон”-ро ҷустуҷӯ мекунанд. Дирӯз устод Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳайси раиси Ҷирга, Мавлавӣ Қиёмиддини Кашшоф ба ҳайси муовин, Дарзобӣ ба ҳайси муншӣ ва хонум Нозия узви раёсати Ҷирга интихоб шуданд.
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар Ҷиргаи сулҳ аз мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, толибон даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ба зиндагии осоишта баргарданд. Ӯ аз мухолифин ҳамчунин хост, ки худро аз банди хориҷиҳо раҳо кунанд. Ва аммо замоне, ки ин ҳарфҳои раисиҷумҳури Афғонистон садо медод, мухолифин сӯи қароргоҳи Ҷирга чанд мушак андохтанд. Ҳамчунин се ҷангии толиб бурқа дар тан аз саддҳои амниятӣ убур карда, талош намуданд, ки ба кори Ҷирга халал ворид кунанд. Ба иттилоъи мақомоти Кобул, ду тан аз ҳамлагарон кушта шуда, як нафари дигар асир уфтодааст.
XS
SM
MD
LG