Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сафорати Тоҷикистон дар Кобул иттилоъ доданд, ки Илёс Каримов феълан дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон карор дорад, вале вай дар амалҳои террористӣ ҳанӯз танҳо гумонбар дониста мешавад.
Ин дидор дар пайи дархости Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат мегирад, ки аз сафорати кишвараш дар Афғонистон дар мавриди ҳуввияти шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон пурсон шудааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон Багромро таркондан мехост?
Илёс Каримов ахиран ҳамроҳ бо ду нафари дигар, ки шаҳрвандони Покистон ва Русия ном бурда мешаванд, ба гумони қасд доштан дар анҷоми амалҳои террористӣ боздошт шудаанд. Бино бар қавли дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, шаҳрванди Покистон Хиёл Ҷамол ва шаҳрванди қафқозтабори Русия Ноил Каев ном доштаанд, ки дуввумиро ҳамчун Аҳмад низ ном мебурдаанд.
Хабаргузориҳои афғонӣ менависанд, ин се нафар дар ҷараёни бозпурсӣ дар сар доштани қасди анҷоми як силсила ҳамалоти террористӣ дар Багроми вилояти Парвон, дар шимоли Кобулро иқрор кардаанд. Бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон маҳз дар Багром мустақар шудааст.
Гуфта мешавад, ин гурӯҳ дар минтақаи Пули Маҳмудхони Кобул боздошт шуда, дар яке аз тамрингоҳҳои гурӯҳҳои чирикӣ дар Вазиристони шимолии Покистон тамрин гирифта будаанд.
Илёс Каримов кист?
Вале то кунун дар робита ба шахсият ва шинохти Илёс Каримов, ки чӣ гуна дар Кобул зоҳир шуд ва то ин дам дар куҷо ба сар мебурд, Бахши робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ намуд. Дар тахтаи аксҳои афроди мавриди пайгарде, ки дар фурудгоҳи Душанбе истодааст, масалан, аксҳои Тоҳир Юлдош, лидери ҳаракати исломии Узбакистон, ва Мулло Абдуло ҳастанд, вале акси Илёс Каримов нест.
Аммо мухолифини пешини тоҷик мегӯянд, дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳангоми муҳоҷирати як теъдод сокинони Тоҷикистон ба Афғонистон бархе аз фарзандони муҳоҷирон барои идомаи таҳсил дар мадрасахои Покистон ҷалб шуданд.
Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамакнун синни он ҷавонон ба 25-30 расидааст ва баъзеи онҳо шояд бо номҳои мустаор дар мадрасҳо таҳсил карда бошанд.
Тоҷикон дар Вазиристону истонҳои дигар
Дар охирҳои моҳи апрели соли равон Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, дар паи мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҷои шубҳа нест, ки дар ҷангҳои Вазиристон тоҷикону узбакҳо низ иштирок доранд. Вазири дохилии Покистон афзуд, баъзе аз ҷангҷӯён аз ҷумлаи тоҷикону узбакҳо ба асорат гирифта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои бахши Интерполи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳудуди 2000 шаҳрванди Тоҷикистон дар дохил ва дар хориҷи кишвар мавриди пайгард карор доранд, ки бархе аз онҳо дар Покистону кишварҳои арабӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Нурулло Орифов, сардори раёсати ҷустуҷӯии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамроҳ бо Интерпол дар паи кашфи як феҳрасти номҳое ҳастанд, ки ин афрод бо ҷурму амалҳои мухталиф дар ҳар кишвари дигар пинҳон шудаанд.