Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таккон хӯрдани маликаи Бритониё аз қатли 12 нафар


Маликаи Бритониё Элизабет гуфт, аз қатли 12 нафар бо дасти як ронандаи таксӣ дар шимолуғарби Инглистон сахт таккон хӯрда, шарики андӯҳу изтироби мардуми Бритониёст.
Пулис мегӯяд, Дерик Бурди 52-сола дирӯз дар пайи тирандозӣ дар дастикам 30 минтақаи мухталиф даст ба ҷони худ зад. Ҳанӯз далели ба қатли чунин шумори бузурги мардум иқдом кардани ин ронанда рӯшан нест. Ин хунинтарин тирандозӣ дар Бритониё аз соли 1996 будааст. Дар 14 соли пеш дар Шотландия 16 кӯдак ва омӯзгори онҳо кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG