Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳом алайҳи муҳофизи собиқи Тӯраҷонзода


Юсуф Ҷалилов, як муҳофизи собиқи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон, аз сӯи додситонӣ ба авбошӣ муттаҳам шуда ва парвандаи ӯ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузориҳо, Ҷалил Юсуфов, ҳамчунин дар гузашта дар қатли бархе шахсиятҳои маъруф, назири Муҳиддин Олимпур, хабарнигори Би-би-сӣ, Виктор Никулин, хабарнигори шабакаи ОРТ, Моёншо Назаршоев, муовини нахуствазири Тоҷикистон муттаҳам мешуд, аммо бар асоси тавофуқи Сулҳи миёни давлат ва мухолифони пешин мавриди афв қарор гирифта буд. Ин манобеъ мегӯянд, ки ӯ дар маҷмӯъ дар 12 амалиёти террористӣ ва куштори ҳудуди 22 нафар ва аз ҷумла низомиёни рус, даст доштааст.

Вале акнун ӯ танҳо барои ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ алайҳи Абдураҳим Котибов, як сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2000 муттаҳам мешавад. Тибқи тафтишот, гуё Котибов ва аҳли хонаводааш аз сӯи Юсуф Ҷалилов мавриди зарбу лат қарор гирифтаанд.

Бино ба хабарҳои нашршуда, оқои Ҷалилов соли гузашта аз Русия боздошта ва мавриди боздошти мақомоти додситонӣ қарор гирифтааст.


Тӯраҷонзода боздошти муҳофизи собиқашро таъйид мекунад

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазир ва муовини раҳбари мухолифони пешин, боздошти ин муҳофизи худро баъди бозгашташ аз Русия таъйид кардааст. Оқои Тураҷонзода гуфтааст, ин нафарро Вазорати амнияти Тоҷикистон ба унвони муҳофиз барояш муаррифӣ карда буд.

Оқои Тӯраҷонзода гуфтааст, Юсуф Ҷалилов баъди соли 2000 ба Русия рафта ва дар он ҷо аз сӯи мақомоти интизомӣ барои истифода аз санади тақаллубӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз даст доштани Юсуф Ҷалилов дар ҷинояте, ки ба он муттаҳам шудааст, изҳори беэътилоӣ кардааст.

Бар асоси санадҳои тафтишот, гуё Юсуф Ҷалилов зимни таҳқиқот даст доштани худ дар қатли афроди саршиноси дар боло зикршуда иқрор кардааст. Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфтааст, ӯ ба даст доштани Ҷалилов дар қатли шахсиятҳои номбурда шубҳа дорад.

Оқои Турҷанозода ҳамчунин аз тобиши сиёсӣ додани ин қазия ва кашидани номи ӯ ба парванда изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG