Сухангӯи нируҳои НАТО гуфт, дар наздикии хаймаи бузурги ҷирга чанд нафар аз шӯришиён ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Пулиси Кобул мегӯяд, ки 2 нафар шӯришӣ кушта ва як нафари дигар боздошт шудааст.
Ба як нафар аз бамгузорони интиҳорӣ муяссар шудааст, ки дар садметрии хайма бамеро мунфаҷир кунад. Дар ин инфиҷор худи бамгузори интиҳорӣ кушта шудааст.
Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки чанд нафар аз тундравҳо бо рӯсарӣ тавонистаанд ба маҳали хаймаи ҷирга ворид шаванд ва норинҷак партоб кунад. Толибон, ки қаблан мегуфтанд, ҳар кас, ки дар ин ҷирга ширкат кунад, кушта хоҳад шуд, масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтаанд.
Ҷиргаи сарони қабоил се рӯз давом мекунад ва дар он масъалаи сулҳи Афғонистон баррасӣ мешавад. Дар ин ҷирга ҳудуди 1600 нафар ширкат доранд.