Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурди хунини мактаббачаҳо дар Душанбе


Дар ҳоле, ки садҳо наврас Рӯзи ҷаҳонии кӯдаконро истиқбол мекарданд, Равшан Назиров ва Давроншо Забиров, хатмкунандагони яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, дар задухурд бо ҳамсолонашон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Равшан ва Даврон аз зарби корд захм бардоштаанд.

Бенёмин, ки имсол синфи даҳумро хатм кардааст ва моҳе пеш бар асари задухурд бо ҳамсолонаш аз мактаб ҷароҳат бардошта буд, мегӯяд, ки задухурдҳо байни мактаббачаҳо ба қувваозмоии онҳо рабт дорад. Ҳар мактабачаҳо мехоҳад, ки зуру бозуи хешро нишон диҳад.
Ба нақли Бенёмин, аксарияти ин задухурдҳо бо кордзанӣ, захмӣ кардани ҳамдигар ва ё бо шикастани тирезаҳои мактаби «рақибон» анҷом меёбад.

Бенёмин, ҳамсӯҳбати мо, мегӯяд, корди ҳамсолонаш 5 сантиметр аз чашми росташ расидааст ва пайи он ҳамчун нишона аз қувваозмоиҳояш бо ҳамсолон боқӣ мемонад. Ӯ аз ин кори кардааш пушаймон аст. Аммо ӯ боз ҳам шукрона мекунад, ки корд ба чашмаш нарасидааст.

Тадбирҳои бенатиҷаи раҳбарияти мактабҳо

Саида Абдулоева, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Душанбе, мегӯяд, се сол аст, ки миёни мактаббачаҳо ин падида зуҳур кардааст. Хонум Саида, ки чандин маротиб шоҳиди бевоситаи задухурд миёни шогирдон буда ва ҳатто ҷароҳат ҳам бардоштааст, меафзояд, ҳарчанд роҳбарияти мактаб бо муҳассилин дар ин мавзӯъ борҳо сӯҳбат кардааст, аммо натиҷаи мусбат надодааст.

Маҳмадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, мегӯяд, чунин амалкарди мактаббачаҳо бештар дар рӯзҳои хатми мактаб рух медиҳад. Ва ҳатто амалҳои хусусияти ҷиноӣ дошта аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта мешавад.

Таъсири наворҳои ҷангу куштор

Ҷомеашинос Райҳона Ҳақбердиева мегӯяд, насли имрӯз бештар таҳти таъсири наворҳои ҷангии компютерӣ ва дур аз назорати волидайн мондааанд. Ва табиист, ки тамошои чунин наворҳо ба рӯҳияи онҳо бетаъсир нест.

Вай меафзояд, «аксари волидайн ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд. Сатҳи фарогирии таълим дар мактабҳо хеле хароб аст. Агар ҳамон кружокҳои фаннӣ ва озмунҳоро ба роҳ монанд ҳам, муваффақ намешаванд, чунки савод ва таълим паст аст».

Таъсиси ниҳоди нави назоратӣ

Ба гуфти ҷомеашинос, Вазорати маориф ва хонаводаҳо бояд дар ин самт аз тадбирҳои назоратии қавӣ кор бигиранд ва барномаҳои махсуси таълимро роҳандозӣ кунанд.

Ахиран Вазорати корҳои дохилии кишвар дар робита ба афзоиши ҳодисаҳои зудухурд байни мактаббачаҳо раёсати махсуси назорати муҳассилинро ташкил дода ва корҳои тарғиботиро дар мактабҳои миёна ба роҳ мондааст. Ва барои пешгирии ин падидаи номатлуб падару модарони мактаббачаҳо низ ҷалб ба ҳамкорӣ ҷалб мешаванд.
XS
SM
MD
LG