Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Русия ва Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ шуд


Дар шаҳри Ростови соҳили Дон, ҳамоиши сарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ифтитоҳ ёфт. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар оғози нишаст, гуфт, ки масоили фарогир аз ҷумла масъалаи сафари бидуни раводид ва навсозии иқтисоди Русия баррасӣ хоҳад шуд. Ҳерман Ван Ромпуӣ президенти Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҳамоиш дар замони мушкиле барои Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад, ки ҳоло “барои як иттиҳоди қавӣ шудан ҳаракат дорад.” Ҳамоиши Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар замоне баргузор мешавад, ки аъзои ин иттиҳодияи ба бӯҳрони қарзӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва саъй доранд, бо андешидани чораҳои дардноки молӣ аз ин бӯҳрон халос шаванд.
XS
SM
MD
LG