Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтааст, то поёни соли ҷорӣ эҳдоси нирӯгоҳи хурди Марзич бар фарози рӯди Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Айниро анҷом хоҳад дод. Иқтидори ин нирӯгоҳ 4 мегаватт баровард шуда, он тавони тавлиди 96 000 киловатт-соат нирӯи барқро дорад. Ба навишатаи хабаргузории “Авасто”, танҳо тайи соли гузашта дар Тоҷикистон 50 нирӯгоҳи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.