Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Саакашвилӣ дар Тифлис дар сафи пеш қарор дорад


Чунин ба назар мерасад, ки ҳизби ҳокими Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон дар интихоботи шаҳрдории Тифлис пирӯзии чашмгир ба даст орад. Чунин пирӯзӣ метавонад гувоҳи ҳимояти тӯдаҳо аз Саакашвилӣ бошад. Коммиссияи Марказии Интихоботӣ мегӯяд, Гигӣ Угулава-муттаҳиди Саакашвилӣ тақрибан 54 дарсад рай ба даст овардааст ва аз рақиби наздиктарини худ 20 дарсад пешӣ гирифтааст. Дар интихоботи сартосарӣ ҳизби Саакашвилӣ 70 дарсад рай ба даст оварда буд. Аммо нозирони САҲА гуфта буданд, ки дар интихобот тақаллуб низ мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG