Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъ дар марзи Узбакистон ва Қирғизистон


Тибқи хабарҳои расида, вазъият дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи Фарғона, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, ба ташаннуҷ рӯбарӯ шудааст. Сокинони ин маҳал умдатан тоҷиктаборон мебошанд.

Гуфта мешавад, баъди як даргирии миёни гурӯҳи сокинони деҳаи Ҳушёри Ӯзбекистон ва деҳаи Согменти Қирғизистон роҳҳое, ки ноҳияи Сӯхро бо шаҳрҳои Қӯқанду Фарғона ва Риштон васл мекунанд, бастаанд.

Ҳамзамон ба далели бастани роҳҳои чанд рустои қирғизнишини Ботканд, ки барои равуо қаламрави деҳоти ноҳияи Сӯхро убур мекунанд, қирғизҳо наметавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд.

Ҳукумати муваққатии Қирғизистон авзоъро дар вилояти Ботканд зери назорат мехонад, вале ба гуфтаи шоҳидони ҳол вазъият дар ин ҷо ба ташаннуҷи ҷиддӣ мувоҷеҳ мебошад.

Гуфта мешавад, баъзан ба хотири пароканда кардани сокинони ин ё он тарафи марз, ки аз ҳамдигар норозӣ ҳастанд, марзбонон ба ҳаво тир мекушоянд.

Сабаби низоъ чист?


Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ чанд мошини мардуми қирғизтабор зимни убури қаламрави ноҳияи Сӯх мавриди ҳамла қарор гирифта ва ойинаҳояшон шикастааст. Ба манзури ҳимоят аз ин ҳамлаҳо мардуми зиёд аз Султон Оййигитов, раиси вилояти Ботканд тақозо кардаанд, ки ҷилави ин корро бигирад, дар акси ҳол низоъҳои кучак ба диргириҳои калон мубаддал шуданаш аз эҳтимол холӣ нест.

Хабар расид, ки ҷониби Ӯзбекистон ба ноҳияи Сӯх гурӯҳи ҳазорнафарии нерӯҳи махсус ва милисаро интиқол додааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар ин ҷо мустақар хоҳанд монд.

Аммо бояд тазаккур дод, ки сабаби ин низоъ ва ихтилофоти байни мардум имзои санади байнидавлатӣ будааст, ки дар ин авохир аз тарафи Ӯзбекистону Қирғизистон ба имзо расидааст. Тибқи он мардуми рустоҳои ноҳияи Сӯхи Фарғона дигар ҳақ надоранд, ки чорвои худро дар доманакуӯҳҳо ва адиру талу теппачое бонӣ кунанд, ки марбути давлати Қирғизистон аст.

Дар хабаргузориҳо омадааст, ки мардуми деҳаи Ҳушёр чанд қирғизро ба гарав гирифтаанд, то ки бо мақомоти вилояти Ботканд ин қазияро баррасӣ кунанд.

99 дарсади сокинони ноҳияи Сӯи вилояти Фарғонаро тоҷикон ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG