Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади халабонони тоҷик аз Кобул ба Хуҷанд интиқол шуд


Аҷсоди се шаҳрванди Тоҷикистон, халабонони ҳавопаймои Ан-24, мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Помир», ки бар асари суқути ин ҳавопаймо дар Афғонистон ҷон дода буданд, ба шаҳри Хуҷанд интиқол шуданд.

Ин ҳавопаймо, ки рӯзи 17 май аз Қундуз ба Кобул пойтахти Афғонистон парвоз мекард, дар мавзеъи Шакардаи наздики ағбаи Соланг, бар асари абрӣ ва боронӣ будани ҳаво, суқут карда буд. Бар асари ин сонеҳа 44 нафар, аз ҷумла ҳашт шаҳрванди ғайри афғон низ кушта шуданд.

Аз ҷумлаи панҷ хадамаи ин ҳавопаймо, ки ҷон бохтанд, се нафари онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аҷсоди се халабони тоҷик, тавассути парвози хоси ширкати "Помир" ба Хуҷанд мунтақил шуданд.

Александр Деймуров, Гулмаҳмад Қурбонов ва боз як шаҳрванди дқигари Тоҷикистон, ки мутаассифона, номаш эълон нашудааст, тибқи қарордод бо ширкати ҳавопаймоии Афғонистон “Pamir Airways” кор мекарданд ва дар ин ҳодиса кушта шудаанд.

Ба ҷуз аз ин се нафар, халабонони зиёди тоҷик, ки дар Тоҷикистон ҷои коре барои онҳо пайдо намешавад, дар тибқи қарордод бо ширкатҳои афғонӣ дар он кишвар машғули кор ҳастанд.

Ан-24 ҳанӯз ҳам мепарад

Ниҳодҳои наҷоти Афғонистон пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар кӯҳҳои он кишвар танҳо баъди чор рӯз, рӯзи 21 май пайдо намуданд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин ба ҷуз се шаҳрванди Тоҷикистон, се бритониёӣ ва як нафар амрикоӣ ҳам кушат шудааст.

Аксҳое, ки нерӯҳои НАТО аз маҳалли сонеҳа бардоштаанд, нишон медиҳад, ки ҳавопаймо ба чаҳор қисм пора шуда, дар дурии 38 километр аз шимоли Кобул суқут карда буд.

Ширкати «Помир Эйрвейз» соли 1995 ба фаъолият шурӯъ карда, асосан дар дохили Афғонистон парвозҳо анҷом медодааст ва аз хатсайрҳои беруна ба Дубай ва дар мавсими ҳаҷ ба Саудӣ парвоз доштааст.

Амонуллоҳ Ҳамид, мудири ин ширкат, гуфтааст, ҳавопаймои суқуткрада се моҳ қабл дар Булғористон аз санҷиши техникӣ гузашта буд.

«Ан-24» дар солҳои 1950-1978 дар Шӯравӣ сохта мешуд. Навъи модернтари ин ҳавопаймо ҳанӯзам дар Чин тавлид мешавад ва ба сабаби осонии истифода ва арзонии он аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои зиёди фақир харидорӣ мешавад.

Халабонони ҳавопаймои суқуткарда - шаҳрвандони Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG