Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Ставропол


Кормандони хадамоти истихборотии Русия гурӯҳи гумонбарон дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Ставрополро боздошт карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, аз се то шаш нафар дастгир шудаанд ва миёни онҳо як хонум аз Ингушистон низ ҳаст, ки ҳадс зада мешавад, маводи таркандаро дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги Ставропол гузоштааст. Аз ин пеш дар бораи дар Ингушистон боздошт шудани ду гумонбар дар ташкили ин ҳамла иттилоъ пахш шуда буд ва аммо мақомоти Ингушистон ин хабарро рад карданд.
Таркиш дар назди бинои Кохи фарҳанги Ставропол чанл лаҳза пеш аз оғози консерти дастаи рақсии Чеченистон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса 7 кас ба ҳалокат расиданд 30 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун таҳти назорати табибон дар бемористон қарор доранд. Вазъи ду тани онҳо сангин арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG