Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи бинандагони қазоқ аз намоишномаи тоҷикӣ


Дар севумин ҷаншвораи театрҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, Тоҷикистонро дастаи ҳунарии Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуд.

Ҳунарпешагони театр намоишномаи Нур Табаров “Шикасти ташнагӣ”, ки онро коргардон Сайрам Исоева рӯи саҳна овардааст, пешкаши бинандагон намуданд. Дар толори Театри давлатии ба номи Мухтор Авезов бинандагони сершумор аз саҳнаҳои ҷолиб ва ҳамзамон риққатбор, ки бозгӯи даврони ҳукмронии Куруш ва тазодҳои Эрону Тӯрон буд, ҳам ба ваҷд омаданд. Ва дар ҷараёни намоиш ба ҳунари нақшофарон мисли Исфандиёр Ғуломов, Даврон Алиматов, Зулфия Туйчиева , Малоҳат Абдушукурова ва дигарон борҳо кафкубӣ карданд.

Яке аз чунин бинандагон Ислом Чаманӣ, доктори илми филологӣ, профессори қазоқ мегӯяд: ” Ин ҷо коргардон аз паи рӯйдоди таърих набуда, балки подшоҳони ду кишварро, ки фалсафаи зиндагиашон бар хуну сулҳ барқарор аст, онҳоро нишон додааст. Ва дар поён вақте, ки мегӯяд, шоҳоне, ки шӯҳрат мехоҳанду ҷаҳонкушоӣ аз хун сер намешаванд. Оё ин хунҳое, ки дар торих рехта мешавад, барои ояндагон сабақ намешавад ва агар сабақ бишавад, хуб аст, ки ҷанг ҳам ба поён бирасад ва инсонҳо битавонанд бо сулҳу оромиш дар канори ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Тамошои ин шоҳкори ҳунари Тоҷикистон ба мо таассуроти бузурге бахшид”.

Оқои Чаманӣ ба фарқ аз ағлаби тамошобинон намоишномаро бидуни тарҷума тамошо кард ва инчунин гуфт, ба вижа фалсафаи амиқи асар, ки ба шарофати ҳунари коргардон ва ҳунарпешагон ба бинанда расид, ба ӯ писанд омадааст.

Муҳоҷирон аз тарси полис ба ҷашнвора наомаданд

Дар байни бинандагон як гурӯҳ муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик низ буданд. Ва ба гуфтаи Холмурод Шавкатҷонов, донишҷӯи Донишгоҳи нақлиёт ва иртибобототи Қазоқистон ин намошнома барояшон дар ғарибӣ як рӯйдоди фаромӯшнопазир буд ва аз он онҳо таърихи гузаштаи хеш ва меҳанпарастиву вафодорӣ омӯхтанд.

Вале бисёр муҳоҷирон аз тарси пулис ва аз сӯи дигар бетафовутӣ ба ҳунари театрӣ ба тамошои асари саҳнавӣ ба забони модариашон, ки ройгон буд, ҳозир нашуданд. Ҷашнвораи сеюмини театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ якшанбеи 30 май ҷамъбаст ва намошномаҳои беҳтарин, ки доварон онҳоро муайян мекунанд, соҳиби ҷоизаҳо хоҳанд гардид.
XS
SM
MD
LG