Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин самари амалиёти ВР дар халиҷи Мексика


Ширкати British Petroleum (ВР) изҳор намуд, ки талошҳояш барои маҳкам кардани чоҳи тахрибашудаи нафт дар халиҷи Мексика аллакай самар додаанд. Ду рӯз пеш мутахассисони ширкат тасмим гирифтанд, ки тавассути амалиёти рехтани маҳлули махсуси сементдор ба чоҳ ба ихроҷи нафт хотима гузошта шавад. Тонӣ Ҳайворд, раҳбари BP гуфт, "аз нигоҳи ман, пешрафти ҷиддӣ ба даст омадааст. Ҳама корҳо дар чаҳорчӯби нақша пеш мераванд. Мо собит кардем, ки ин амалиёт метавонад муваффақ бошад ва мо ба баъзе комёбиҳо муваффақ шудаем. Ва аммо то замоне, ки кор иҷро нашудааст, онро наметавон иҷрошуда хонд".
Шурӯъ аз 20 апрел, бар асари тахрибшавии як чоҳи ширкати British Petroleum миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехта ва он бузургтарин резиши нафт дар таърихи Амрико арзёбӣ мешавад.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бори дуввум дар ҳафтаҳои ахир ба аёлати Луизиана сафар кард ва амр намуд, ки теъдоди ширкатдорони амалиёти рафъи паёмадҳои фоҷиаи муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика 3 баробар, яъне то 60 ҳазор нафар, афзоиш дода шавад.
XS
SM
MD
LG