Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни фоҷиа дар Ҳиндустон


Теъдоди қурбониёни фоҷиа дар роҳи оҳани Ҳиндустон ба 90 нафар расид. Бар асари аз роҳ берун шудан ва қатори дигар бархурдани як қатори мусофирбар дар аёлати Банғоли ғарбӣ тақрибан 150 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Қатори мусофирбар аз Калкута сӯи Мумбай ҳаракат мекард.
Мақомоти Ҳиндустон масъулияти ин ҳодисаро бар дӯши гурӯҳҳои пинҳонкори маоист гузоштанд, ки дар минтақаи суқути қатор фаъоланд. Ба иттилоъи полис, маоистҳо ё роҳро таркониданд ваё ба василаи дигар онро тахриб карданд.
XS
SM
MD
LG