Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ корманди полиси афғон дар Пактиё


Бар асари ҳамлаи ҷангиҳои мухолифи ҳукумат дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи Афғонистон, панҷ корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ғулом Дастагир, муовини раиси идораи полиси Пактиё, изҳор намуд. ки кормандони полис муқовимат карданд ва ду тан аз ҳамлагаронро куштанд. Ба думболи ин, ҳавопаймои низомии Паймони НАТО мавқеъи ҷангиҳоро бомборон кард. Корвони мошинҳои кормандони полис сӯи минтақаи Дандӣ Патҳон ҳаракат мекард.
XS
SM
MD
LG