Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон ҳамла ба масҷидҳо дар Лоҳурро маҳкум мекунад


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байнулмиллалӣ ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Лоҳури Покистонро шадидан маҳкум карданд. Дар ин ҳамла ба ду масҷиди ҷараёни Аҳмадия дар минтақаҳои гуногуни шаҳр дасти кам 80 нафар кушта ва тақрибан сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Се узви гурӯҳи мусаллаҳ “камарбанди шаҳид”-ро мунфаҷир намуданд, ду нафарашон дастгир шуданд, сарнавишти мусаллаҳони боқимонда маблум нест.
Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомоти Покистон ангушти иттиҳом сӯи бархе гурӯҳҳои ифротгаро кардаанд, ки пайравони Аҳмадияро “кофир” мехонанд. Ҷараёни Аҳмадия соли 1889 таъсис шуда, ҷонибдоронаш Мирзо Ғулом Аҳмадро паёмбар мешуморанд. Соли 1974 ҳукумати Покистон ин равияро расман “ғайримусалмонӣ” эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG