Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ҳайкали Ленин дар Хуҷанд чӣ мешавад?


Дар ин рӯзҳо дар Хуҷанд мардум дар бораи тахриб ё аз миён бардоштани муҷассамаи Ленин бештар сӯҳбат мекунанд. Атрофи ин муҷассамаи бузурги 22 метараи Ленин панҷара гирифта шудааст ва коргарон ба кандани кошикориҳои пояи он машғуланд. Мақомоти Суғд гуфтанд, ки ба бозсозии муҷассама машғуланд ва сару садоҳо дар бораи кандани муҷассама асос надорад. Аммо коммунистҳои Хуҷанд мегӯянд ин кор бо дастури махфии Душанбе дар ниҳояти амр ба хотири барандохтани пайкардаи доҳии онҳо сурат мегирад .
XS
SM
MD
LG