Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи адвокат


Додситонӣ ва додгоҳи Бадахшон дар ҷараёни таҳқиқи парвандаҳо ба мушкили набуди вакилони дифоъ ва мушкили таъмини муттаҳамон бо вакилони дифоъӣ мувоҷеҳ гаштаанд.

Ин мушкил бо қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ зуҳур кардааст, ки тибқи он ҳамакнун танҳо ҳуқуқшиносоне, ки муҷаввиз доранд ва ё хешованди айбдоршаванда бошанд, метавонанд ба сифати ҳимоятгари ҳуқуқӣ дар таҳқиқи парванда ҷалб шаванд.

Ҳуқуқшинос Убайдулло Садирбаев мегӯяд, дар Мурғоб ягон ҳуқуқшинос муҷаввиз надорад. Дар Хоруғ низ касе аз вакилони дифоъ барои гирифтани муҷаввиз шитоб намекунад.

Раиси додгоҳи вилоятӣ Шомусаллам Саидмусалламов таъйид кард, ки набуди маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва адвокатҳои касбӣ дар бархе аз маворид боиси таъхир дар баргузории мурофиаҳои додгоҳӣ шудааст. Ба гуфтаи намояндаи додситонии Хоруғ Авранг Булбулшоев, низ, ҳолатҳое шудааст, ки барои таҳқиқи ҳаматарафа ва пухтаи парвандаҳо онҳо маҷбур шудаанд, ба ҷустуҷуи адвокат пардозанд.

Роҳбари бахши вилоятии Бюро оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун Манучеҳр Холиқназаров гуфт, ҳуқуқшиносони идораашон дигар ҳаққи вакили мудофеъ шуданро надоранд ва феълан танҳо бо машваратҳои ҳуқуқӣ иктифо мекунанд.

Ҳарчанд муҷаввизи адвокатӣ 300 сомонӣ нарх доштааст, вале дар паси дари муҷаввиздеҳ касе навбат намеистад. Ҳуқуқшинос Алоуддин Меҳмонов касод будани бозори адвокатро дар Бадахшон яке аз сабабҳои адами кушиш барои соҳиб шудан ба муҷаввиз мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, сабаби он ки мардум аз хидмати адвокат ҳам кам истифода мебаранд дар набуди боварӣ ба лузумияти адвокат ва нақши камранги ӯ мебошад.
XS
SM
MD
LG