Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: Иқтисоди Осиёи Марказӣ ва Қафқоз эҳё мешавад


Бино бар гузориши Сандуқи байналмилалии пул, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аломатҳои беҳбудии вазъи иқтисодӣ баъд аз бӯҳрони саросарии иқтисодии соли 2009 мушоҳида мешавад.

Мутахассисони ин ниҳоди молӣ пешбинӣ мекунанд, ки рушди миёнаи иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа дар соли 2010 ба 4,3% хоҳад расид. Бӯҳрони саросарӣ ба иқтисодҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз осеби сахт расонида буд ва соли гузашта рушди миёнаи иқтисодии онҳо ҳамагӣ 3,5 дар сад буд.

Масъуд Аҳмад, раиси департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи байналмилалии пул дар ин бора гуфт: «Дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шумо метавонед аломатҳои ба худомадани иқтисод баъд аз давраи мушкили соли 2009 -ро мушоҳида кунед. Аммо ин беҳбудӣ дар кишварҳои мухталиф фарқ мекунад. Дар кишварҳои содиркунандагони энержӣ, яъне нафту газ рушди иқтисоди мутаносибан хеле баланд аст. Масалан дар Туркманистон он 12 дар садро ташкил хощад дод. Аммо барои кишварҳое ки энержиро ворид мекунанд ва қисми бештари сокинони ин кишварҳо қашоқанд, ба эҳёи иқтисод хеле кунд аст”.

Масуд Аҳмад мегӯяд, ки афзоиши содирот оғоз гардид, заволи фиристодани пул коҳиш меёбад ва ҷалби сармоя мусбат шуд. Бо вуҷуди ин, ин гароишу тамоюлҳо аз сатҳи маъмулии дилхоҳ хеле дуранд. Дар баъзе кишварҳо паёмадҳои бӯҳрон дар бахши бонкӣ афзоиши ихтисоси вомҳоро боздошта ба фаъолитҳои иқтисодӣ монеъаҳо эҷод мекунад.

Тоҷикистон ҳанӯз ҷое барои хушҳолӣ надорад

Дар гузориш қайд шудааст, ки ҳатто дар кишварҳои содиркунандагони энержӣ рушди иқтисодӣ гуногун хоҳад буд. Ҳамин тавр, пешбинӣ мешавад, рушди иқтисодӣ дар Озарбойҷону Қазоқистон аз 2 то 3 дар сад, дар Узбакистон то 8 дар сад ва Туркманистон то 12 дар сад хоҳад буд.

Дар кишварҳои воридкунандагони энерҷӣ назири Тоҷикистону Қирғизистон рушди иқтисод ҳамоно заъиф боқи монда аз 2 то 4 дар садро ташкил хоҳад дод.

Ҷаноби Масъуд Аҳмад таъкид намуд, ки кишварҳо ва созмонҳои сармоягузор бояд кумакашонро ба чунин кишварҳо идома диҳанд, то даме, ки бахши хусусии иқтисод ба худ омада, рушди пойдор ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин кунад. Ба ин хотир ҳам, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бояд ба бозсозии бахши хусусии иқтисод авлавият диҳанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки бахши бонкии кишварҳои минтақа аз буҳрони молии саросарӣ сахт осеб дидааст. Барои ангезиши фаъолиятҳои ихтисосӣ вомҳо ҳукуматҳои кишварҳои минтақа бояд балансҳои бонкҳои бозаргониро тасфия кунанд.
XS
SM
MD
LG