Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми ҳабси хабарнигори ӯзбак


Хабарнигори маъруфи ӯзбак Хайрулло Ҳомидов бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи исломӣ барои шаш сол маҳкум ба зиндон шуд. Ба иттилоъи бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, додгоҳи шаҳри Гулбаҳор, воқеъ дар канори Тошканд, Ҳомидов ва 18 нафари дигарро дар узвият ба гурӯҳи исломии "Ҷиҳодчилар" муҷрим донист. Ҳамаи онҳо низ ба мӯҳлати шашсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Хайрулло Ҳомидов ва ҳамроҳонаш дар таъсис ва узвияти гурӯҳи мамнӯъи мазҳабӣ ва “нашру пахши адабиёти барои низому амният хатарбор” айбдор шудаанд.
Ҳомидов дар Ӯзбакистон ҳамчунин муаллифи барномаи маъруфи исломӣ дар радио, шореҳи футбол ва шоир маъруф аст. Ҳабси ӯ дар моҳи январи соли равон мунҷар ба эътирозҳо дар кишвар шуда буд.
XS
SM
MD
LG