Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Душанбе: 27-уми май


«Перезагрузка» дар равобити Душанбеву Тошкант?

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе таҳти унвони «Ҳалқа: кӣ онро дар атрофи Тоҷикистон тангтар мекунад?» ва ҳам дар посух ба ин суол бо далелҳо менависад, ин кишварҳо Ӯзбакистон ва Русия ҳастанд, ки хеле моҳирона аз овозаву дарвозаҳо маризиҳо, қабл аз ҳама полиомелит – фалаҷи кӯдакро барои ҳадафҳои сиёсии хеш истифода мекунанд. Дар матлаб омадааст, сохтмони нерӯгоҳи Роғун далели умдае шуд барои боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ва боло рафтани қимати бензин дар Тоҷикистон ҳамоно ба сиёсатҳои иқтисодии Кремл марбут аст. Нашрия навиштааст, роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин бӯҳрон ҳамоно роҳи Афғонистон аст ва барои ин бояд Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва як зумра ташкилотҳои байнлмилалӣ қумак хоҳанд кард.

Нашрияи «Нигоҳ» низ дар матлабе таҳти унвони «Хурсандии бармаҳали мо» менависад, бояд бо Тошканд равобит «перезагрузка», таҷдиди назар шаванд. Ин ба назари нашрия он аст, ки сафирони ду кишвар бояд бозхонда шаванд ва ба вазири саноату энерживу раиси сарраёсати Роҳи оҳани Тоҷикистон «оқ йул!» гуфта шавад, зеро маҳз онҳо натавонистаанд он кореро кунанд, ки бояд мекарданд.

«Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Ҳушдор ба Гулнора ва Маҳмуд: найранги сиёсӣ ва ё худиҳоро бизан, то бегонагон тарсанд» менависад, тасмими танг кардани бизнеси духтарашро Ислом Каримов аз тарси ҳаводиси Қирғизистон гирифтааст ва ин аз он хотир қобили қабул аст, ки дар натиҷаи танг шудани мавқеи Гулнора мавқеи Маҳмуд Худойбердиев, нафари таҳти ҳимояти духтари президенти Ӯзбакистон низ заиф мешавад.

ТВ-Аквариуми кишвари фақир?

«Озодагон» дар матлабе таҳти унвони «Чаро Тоҷикистон фақрзада шуд?» овардааст, Тоҷикистон фақрзада нест, балки сарвату зарфиятҳое дорад, ки зиндагии шарафмандонаи 7 миллион нафарро таъмин мекунад, аммо вазъи имрӯза умдатан мероси ду даҳсолаи охир, натиҷаи фаъолияти мансабдорони бесалоҳияту ғайриҳирфаӣ ва имкониятҳои барбодрафта аст.

Ин нашрия дар матлаби асосиаш таҳти унвони «Корнома»-ҳои ТВ-ҳои тоҷик менависад, худо накунад, ки Тоҷикистонро аз рӯи телевизонҳояш бишносанд. Дар ин матлаб аз ҷумла омадааст, ТВ Сафина ба аквариум, ҷои намоиши табиат ва «Ҷаҳоннамо» воқеан ба ҳаводиси ҷаҳон ихтисос ёфта, то ба ҳол Тоҷикистоннамо нашудааст.

«Азия – плюс» дар матлабе таҳти унвони «IRS аз Амонулло Ашӯр ба президент шикоят бурдааст» боз ба қазияи пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ пардохтааст ва навиштааст, ширкати хориҷ шикоят кардааст, ки раиси Оҷонси хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба кораш халал мерасонад.

«Миллат» дар матлабе ба фоҷиаи сели Кӯлоб пардохта менависад, раисони шаҳри Кӯлоб, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва вазири тандурустӣ бояд ба истеъфо раванд, зеро аз ӯҳдаи масъулияти бар дӯшашон гузошта набаромадаанд.
XS
SM
MD
LG