Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Афви Байнулмилал аз ҳукумати Тоҷикистон


Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар нагашт, ки мушкили хушунат нисбати занонро ба таври зарурӣ ҳал кунад. Маҳдудиятҳои озодии баён боқӣ мондаанд ва ҳукумат мисли пешина иҷрои фароизи диниро шадидан зери назорат дорад. Ҳамчунин шиканҷа ва рафтори бераҳмонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ идома доштанд. Афви Байнулмилал аз фишорҳо ба "Шоҳидони Яҳво" ва "Ҷамоаи Таблиғ", баста ва тахриб шудани ибодатгоҳҳо, худсонсурии журналистон аз бими таъқиб дар додгоҳҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG