Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти "Шаҳидони Ватан" дар Бишкек


Ҳудуди 50 узви созмони “Мекен Шеҳитларӣ”( “Шаҳидони Ватан”), ки пайвандони афроди кушташуда дар ошӯбҳои моҳи апрели Қирғизистонро муттаҳид мекунад, имрӯз дар рӯбарӯи сафоратхонаи Туркия дар Бишкек гирди ҳам омада, хостори шарҳи сафорат роҷеъ ба гузоришҳое шуданд, ки мегӯянд, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Туркия қарор дорад. Бархе расонаҳои Русияву Беларус дирӯз хабар доданд, ки Боқиев Беларусро тарк гуфта, барои истироҳат ба Туркия рафтааст. Вале намояндаи сафорат тазоҳургаронро итминони хотир дод, ки Боқиев дар Туркия нест. Дар ошӯбҳои 7 апрел, ки мунҷар ба суқати давлати Боқиев ва фирори ӯ аз Қирғизистон шуд, ҳудуди 90 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG