Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико қазияи вагонҳоро пайгирӣ дорад


Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ҷараёни қазияи банд шудани вагонҳо дар қаламрави Узбакистонро ботаваҷҷӯҳ пайгирӣ дорад. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон имрӯз гуфт, ки Узбакистон монеъи транзити садҳо вагони ҳомили борҳои марбут ба таъмини нирӯҳои паймони низомии НАТО дар Афғонистон шудааст. Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, то имрӯз дар қаламрави Узбакистон тақрибан 300 вагони ҳомили борҳои марбут ба нирӯҳои эътилофӣ банд шудааст: “132 вагони ҳомили маводи сӯхти реактивӣ дар онҷо банд шудааст. Аз анвоъи дигари маводи сӯхт 230 вагон масдуд аст. Дар маҷмӯъ 300 вагон мешавад.”
Қазияи вагонҳо миёни Душанбеву Тошканд беш аз 3 моҳ боз идома дорад. Тоҷикистон ҷамъи вагонҳои ҷамъшудааш дар кишвари ҳамсояро то 2500 баровард мекунад.
XS
SM
MD
LG