Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Аҳмадинажод аз Амрикову Русия


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз Амрикову Русия даъват кард, аз муомилаи Эрону Туркияву Бразилия пуштибонӣ кунанд. Аҳмадинажод ҳушдор дод, ки ин муомилаи ҳафтаи гузашта имзошуда охирин шонси ҳалли баҳси ҳастаист.
Ӯ дар паёми телевизиониаш ҳамтои амрикоии худ Барак Обамаро ҳушдор дод, ки агар аз ин имкон истифода набарад, гумон аст, ки мардуми Эрон ба ӯ шонси дигаре бидиҳад.
Аҳмадинажод ҳимояти Русия аз эъмоли даври чоруми таҳримоти СММ алайҳи Эронро “ғайриқобилиқабул” номид ва аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ даъват кард, ки пуштибониаш аз Вошингтонро бознигарӣ кунад.
Давлатҳои Ғарб пешниҳоди дар ивази сӯхти ҳастаӣ ба Туркия таҳвил додани беш аз нисфи ураниуми андак ғанишудаи Эронро напазируфтанд, чунки Теҳрон гуфт, ки ба ғанисозии ураниум дар сатҳи баландтар ҳамчунон идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG