Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду тифл дар Кангурт аз истеъмоли гиёҳи заҳрдор


Ду кӯдак дар рустои Кангурти ноҳияи Темурмалик, 130-километрии ҷануби Душанбе, бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли гиёҳҳои худрӯ ҳалок шудаанд. Комил Қисматуллин, муовини сартабиби ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, Мунира Бобоеваи 4-сола ва Меҳрона Чиллахони 3-сола дар натиҷаи хӯрдани балғуз, як рустании заҳрдори баҳорӣ заҳролуд шуда, дар роҳ ба бемористон ҷон додаанд.
Соли гузашта як наврас дар рустои Сангпари ноҳияи Кӯлоб ва 3 моҳ қабл як хонавода дар Мӯъминобод низ бар асари истеъмоли гиёҳҳои заҳрдор ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG