Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таиланд дастури ҳабси Шиноватраро содир кард


Таиланд бо иттиҳоми терроризм дастури ҳабси сарвазири собиқи ин кишвар Таксин Шиноватраро содир кард. Дар ҷараёни тазоҳурот ва даргириҳое, ки нӯҳ ҳафта идома кард, дар Бангкок 80 нафар ба ҳалокат расиданд. Аксари мӯътаризон аз тарафдорони Шиноватра буданд ва ҳукумати феълиро ғайриқонунӣ мешумурданд. Шиноватра дар соли 2006 дар натиҷаи як табаддулоти ҳарбӣ барканор шуд ва ба хориҷа фирор кард. Қаблан дар ғиёбаш бо иттиҳоми фасод ба ҳабс маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG